«Соли 2018 – Соли вафо, бурд ва комёбиҳои беназир бошад! Тоҷикистони азиз дар арсаи байналхалқӣ нуфуз ва мақоми бештару пештарро соҳиб гардад. Бо шарофат ва дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол низ ба нишондодҳои назаррас ноил гардем. Ҳамеша дар партави сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хешро дар тамоми самтҳо рушду такомули сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас гузорем!...» - бо чунин орзуву ният нуктаҳои мубрами Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар ташкилотҳои ибтидоии «МСШ № 1», «Эндокринология», «Хуҷандобуканал», «Автобазаи санитарӣ», «Палатаи савдо», «КМ 1 - Май», «КМ Тути Калон» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва мардум, аъзоёни ҲХДТ итминони комил доранд, дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандаи Паём дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат хоҳанд кашид.