Дунёе, ки инсонҳо умр ба сар мебаранд бо он побарҷост, ки некӣ ва накӯкорӣ шиори пайвастаи онҳост. Ҷаҳонро бо чашми хирад шинохтан на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Рукни асосӣ ва ҳамарӯзаи самти фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доранд, аз хиради воло ва рафтори накӯ сарчашма мегирад.

Хиради воло ва рафтори накӯ аз масъулият аст.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мо дар куҷое, ки набошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат накашем, бояд фаромӯш накунем, ки ободии Тоҷикистон, осудагии халқ, серию пурии мулк аз меҳнати ҳалолу ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вобаста аст».

Бо дарки масъулияти инсонӣ ва дар доираи чорабиниҳои «Ҳуқуқи инсон» Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон Локтева Наталя Владимировна ва фарзанди ӯ Локтев Константин Петрович бо ташаббус ва иқдомоти ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти маъюбон дар вилояти Суғд», ки сарварии онро яке аз бонувони фаъоли ҲХДТ Лолахон Ашӯрова ба ӯҳда доранд, ҷойгир ва маскун намуд.