Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур  бошандагони маҳаллаи «Масҷиди Савр» ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ширкат намуданд.

Иштирокдорони  ин ҳашари умумимаҳаллагӣ ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.