Дар доираи таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” руҳияи сокинони кишваро боз ҳам болида намуд. Махсусан ҷавонон аз ин рӯйдоди муҳиму тақдирсоз изҳори қаноатмандӣ намуда, ин нерӯгоҳро арсаи номусу нанг унвон карданд. Бо мақсади то ба мардум расонидани дастовардҳои азими соҳаи гидроэнергетикӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ дар тинати ҷавонон рӯзи гузашта бо иштироки аъзоёни ташкилоти ҷавонони “Созандагони Ватан”- и шаҳри Хуҷанд  барномаи телевезионӣ дар намуди ток – шоу дар телевизиони вилояти Суғд доир гардид.

Ҷавонони фаъол зимни ироаи андешаҳои худ иброз доштанд, ки роҳандозӣ шудани се ҳадафи стратегӣ, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ як бахши муҳими он маҳсуб меёбад, имкон дод, ки ҳама соҳаҳо рушд намуда, маҳдудияти барқ дар ҳама фасли сол аз байн бардошта шавад. Маҳз хирду раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродату шуҷоатмандии сохтмончиён боис шуд, ки ин нерӯгоҳ давра ба давра сохта шавад.

Иштирокчиёни барнома аз ҳамсолони худ даъват ба амал оварданд, ки атрофи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат   содиқ бошанд.