Дар  асоси нақшаи кори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи Сангин Қутфиддинов бо мақсади ҷиҳати  тарғиб ва омӯзиши нақши чакандӯзи дар рушди  фарҳанги миллӣ  аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Заррина Манонова ба масъулин бо як гурӯҳ аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ мулоқот доир кард.

             Дар рафти мулоқот таъкид доштанд, ки яке аз василаи асосии муаррифии миллат дар арсаи байналмиллӣ ин ҳифзу нигаҳдории фарҳанг ва риояи муоширату муносибат мебошад. Тоҷикон аз қадим маҳз бо фарҳанги либоспӯшии худ аз дигар халқиятҳо фарқ дошта, атласу адрас ва чакани тоҷикона чун намунаи олии матоъ дар ҷаҳон ном баровардааст.

           Тибқи нақшаи кори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ин гуна мулоқот дар Комиссияи кор бо занони дигар ташкилоту муассисаҳо низ гузаронида мешаванд.