Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботиву ташвиқотии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо ҷавонписарон, донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Хизмат ба ватан рисолати ҷавонмардист” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11 – и шаҳри Хуҷанд конфронси адабӣ доир гардид, ки дар он намояндаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова ва директори муассисаи мазкур Шаҳло Шарипова ширкат ва баромад намуданд.

Зимни баромад зикр гардид, ки ҳифзи Ватан аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавонмард маҳсуб мешавад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ҷони худро дареғ намедоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо меомӯзонанд, ки он дар хуни мо ҷорист.       Бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем ва баҳри ҳифзи хоки поки Ватан омода бошем.

Мақсад аз ташкили чунин вохӯриву конфронсҳо ин баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба хизмати Ватан – модар мебошад.