Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти соҳаи шуғли аҳолӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандни Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат санаи 27-уми сентябри соли 2014 дар толори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони муосир» баргузор гардид. Конфронсро директори донишкадаи мазкур Иномҷон Аминов кушода гуфта эълон намуд ва бурдани кори конфронсро ба ӯҳда дошт. Дар ин конфронс аъзо-корреспонденти Академияи Улуми Русия, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор, роҳбари маркази демографияи иҷтимоӣ С.В. Рязанцев ширкат варзида, дар мавзӯи «Языковые аспекты интеграции мигрантов в России» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.

Инчунин, нозади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи «менеҷмент» О.Қ. Қоситов дар мавзӯи «Шуғли аҳолӣ ва таъмини усулҳои танзими он дар иқтисодиёти бозор» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ А.Ҷ. Азимов дар мавӯи «Муаммоҳо ва ҷараёнҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир» маърӯза намуданд. Дар ин конфронс раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов иштирок намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуд. Ҳамзамон дар як навбат бахшида ба «Рӯзи муаллим», ки якшанбеи аввали моҳи октябр баргузор мегардад, 4 нафар омӯзгорони фаъоли ДИС ДДТТ, аъзоёни ҲХДТ, ки дар ташвиқу тарғиби дастовардҳои мамлакат ва пешрафти кори ҲХДТ саҳми босазои худро гузоштаанд, бо Сипосномаҳои раиси Комиҷроия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар ин фурсати муносиб раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб» Абдумавлон Азимов, ки ба синни 60-солагӣ расидааст, аз ҷониби раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо тӯҳфаи хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.