Пас аз соҳибистиқлолии кишвар, бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳимояи оила ва манфиатҳои он, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии гендерӣ чандин қонуну барномаҳо қабул гардиданд.

Вобаста ба танзими муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳо аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Кодекси оила, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуровари дар оила», Қарорҳои Пленуми Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Мутассифона ҳарчанд чунин қонунҳо қабул шуда бошанд, аммо то ҳол дар масъалаи оила ва оиладорӣ номуросогӣ, рафторҳои ношоиста, зӯроварӣ нисбат ба зан, ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба ин монанд мушкилиҳо дида мешаванд ва фарзандони аксар оилаҳои мавриди хушунат қарор гирифта дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ қарор гирифтаанд.

Баҳри ҳимояи оила ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо тибқи нақшаи кории шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва дар якҷоягӣ шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар назди кумиҷроияи шаҳрӣ маркази доимоамалкунандаи “Ваҳдати оила” таъсис дода шуд.

Бо ин мақсад дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки Фирӯзахон Раҳимӣ - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва аъзоёни шӯрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ маҷлис доир гардид.

Фирӯзахон Раҳимӣ -мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки оила сарвати бебаҳои ҷамъият буда, маҳз дар оила инкишофи шахсияти инсон оғоз мегардад. Ҳаёти ҳар як инсон аз оила оғоз меёбаду гармию сардӣ, талхию ширинӣ, ғаму шодӣ машаққату роҳаташ аз он ибтидо мегирад. Пӯшида нест, ки ҳанӯз баъзе занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доранд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон зери ниқоби расму оинҳои хуруфотӣ поймол мешаванд. Бинобар ин зарурат пайдо шудаст, ки мо занони фаъол имрӯз бояд ҷиҳати химояи оилаҳои ҷавон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба роҳ монем ва барои пешгирии оилаҳои ҷавон саҳми назарраси худро гузорем.

Сипас, доир ба масъалаи мазкур собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайриниссо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова баромад намуда, ҷиҳати мустаҳкам нигоҳдоштани оилаҳо ва ба бекоршавӣ роҳ надодани он суханронӣ намуданд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои баромадкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ дар назди кумиҷроияи шаҳри маркази   доимоамалкунандаи “Ваҳдати оила” таъсис дода шуда, минбаъд он дар маҳаллаҳо бо оилаҳои осебпазир корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мемонад.