Имрӯз,  ҷаҳони мутамаддинро ҳам ҷаҳлу нодонӣ, бухлу ҳасад, ифродгароӣ, таассуби диниву ватанӣ, кинаву адоват ва худхоҳӣ буғранҷ намудааст, ҳам бузургтарин шонси таърихӣ барои саодати инсонӣ, дӯстиву муҳаббат, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва сӯ ба рӯи инсони комил дар пешорӯяш аст. Аҳли башари имрӯзаро ду роҳ аст, ё дар ҷаҳли қадимаи хеш дармонда суқут мекунад, ё ақли дарроки худро чун роҳнамои зиндагӣ қарор дода, ба саодати баланд ва абадӣ мушарраф мешавад.                                     

Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Домани ҷома, ки дар хори муғелон бигирифт,

Гар ту хоҳӣ, ки ба тундӣ бираҳонӣ, бидарӣ.

Ёри мағлуб, ки дар чанги бадандеш афтод,

Ёрӣ он аст, ки нармӣ куниву лобагарӣ.

В-ар на сахтиву дуруштӣ пайи  ӯ хоҳӣ буд,

Ту аз он душмани хунхора ситамгортарӣ.

К-ӯ ҳанӯз аз тани мискин сари мӯе нозад,

Ту ба нодонии таъҷил сарашро бибарӣ.

Мутаассифона ду ҷанги ҷаҳонӣ, бемориҳои ҳамагир ба мисли вируси испанка, коронавирус-19, бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ба ҳуш наовард. Ҷангҳои Сурияву Ироқ, Афғонистон, Арманистону Озарбойҷон, Украина ва ғайраҳо, ки боиси ҳалокати миллионҳо инсонҳо гаштаанд барои аксарияти аҳли олам дарс нашуданд. Боз мебинӣ, ки сиёсатмадорон аз ақлу хирад кор намегиранд ва бо оташ бозӣ мекунанд. Чун домани оташ фурӯзон шавад, пеши онро гирифтан басо душвор аст ва тарру хушкро баробар ба коми худ мебарад.

Масъалаи марзии тоҷикону қирғизҳо низ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Дар гузаштаи начандон дур мо як Ватан доштем, ки номаш Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бисёр Ватани бузург ва мояи ифтихори тамоми мардуми собиқ Шӯравӣ буд, вале бо мурури замон он давлати пуриқтидор, ки дар тамоми дунё нақши  муҳим мебозид, аз байн рафт. Сабаби аз байн рафтанаш ҳам ба сари қудрат омадани чанд сиёсатмадори бехирад буд. Пас мантиқан маълум мешавад, ки Ватан, дин, миллат бовуҷуди муқаддас буданашон нисбӣ ҳастанд, мутлақ нестанд. Намеарзад, ки барои ин муқаддасот ба ҷони ҳам дарафтода ба сӯи ҳамдигар санги маломат ҳаво диҳанд. Оқил он аст, ки гузаштаашро ҳам хуб донад ва фаромӯш накунад ва ояндаи хубтар созад ва дар умри кӯтоҳи худ зебо зиндагӣ кунад. Миллатдӯстиву ватанхоҳӣ  дар он нест, ки дигар халқу миллатҳоро паст заниву, таҳқир куниву бо зӯрӣ ба макони зисти онон соҳиб шудан хоҳӣ.

Ман, баромади роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, Қамчинбек Тошевро шунавидам. Дар ҳақиқат ӯ дар баромади худ нисбати халқу кишвари тоҷик суханҳои ноҷо гуфт. Нисбати ҳамсоякишвар бо чунин лаҳн сухан гуфтани як мақомдор аз рӯи хирад нест. Мо ҳам метавонем гузаштаи халқи қирғизро рӯи варақ оварем, вале хиради тоҷикона, андешаи инсонпарварона, ки аз ниёконамон ирс гирифтаем ба суханҳои ноҷо гуфтан имконият намедиҳад.

Ворух, сарзамини миллати тоҷик аст. Дар паси Ворух халқу миллате қарор дорад, ки бо силоҳи буррои сухану ҳикмату одамгариву инсондӯстӣ тамоми дунёро тасхир кардааст. Бо чунин миллат ҳамсоя будан мебоист мояи ифтихори халқи қирғиз мешуд. Вале мутаассифона сиёсатмадорони қирғиз зӯргӯиву носипосиро пеша кардаанд. Бо ин роҳ намешавад муаммои марзиро ҳал намуд. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, гузашт кардан, забон аз таъну маломат боздоштан метавонад ин муаммои сарбастаро ҳал намояд.

Бесабаб нагуфтаанд “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст”. Эҳтироми ҳамсоя эҳтироми Худованд аст. Хушнудии Худованд дар он аст, ки ҳамсоягон дар ғаму шодӣ шарики ҳам бошанд, ба ҳаққи ҳамсоя таҷовуз накунанд, ба он эҳтиром гузоранд, муаммову мушкилиҳои марзиро дӯстона ва бохирадона ба манфиати ҳарду кишвар ҳал намоянд. Мешавад ҳамсояи хонаатро дар натиҷаи ҳавлии нав гирифтан иваз кунӣ, вале ҳамсоякишварро намешавад иваз намуд. Танҳо роҳи  ҳалли муаммо муросо кардан ва ба ҳамдигар гузашт намудан аст. Ба қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Мутаассифона ҳамсоякишвари азизи моро андоми муғулона, хӯйи чингизона, табиати саҳронишинӣ ва кӯчӣ аз симову ботинашон дур нашудааст, онҳо аз ҳикматҳои зиндагӣ бархурдор нестанд, бинобар ин ба ҷои бо роҳи мусолиматомез ҳал намудани муаммои марзӣ, бадгӯӣ ва суханҳои беасосро нисбати кишвари мо раво мебинанд ва барои тарсонидани мардум дар назди сарҳад машқҳои ҳарбӣ гузарониданӣ ҳастанд.                                  

Умеди онро дорем, ки ақлу хирад ғалаба мекунад ва масъалаҳои сарҳадӣ бо роҳи дипломатӣ ба манфиати ҳарду миллат ҳал мешавад.

Дар охир суханамро бо як ҳикояте аз “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ ба итмом мерасонам:

Ҷолинус аблаҳеро дид даст дар гиребони донишманде зада ва беҳурматӣ ҳамекард. Гуфт: агар ин нодон набудӣ кори вай бо нодон бад инҷо нарасидӣ.

Ду оқилро набошад кину пайкор,

На доное ситезад бо сабукбор.

Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,

Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,

Ҳамедун саркашиву озармҷӯӣ.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,

Агар занҷир бошад бигсалонанд.

Якеро зиштхӯе дод дашном,

Таҳаммул карду гуфт эй хубфарҷом.

Баттар з-онам, ки хоҳӣ гуфтан онӣ,

Ки донам айби ман чун ман надонӣ.

 

 

 МИРНИЁЗОВ А.Қ. – АЪЗОИ ҲХДТ

ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД