Имрӯзҳо кормандони тамоми муассисаву идораҳои кишвар бо рӯҳияи шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдат дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ 22- солагии имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Рӯзи Вахдати миллиро истиқбол мегиранд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ имрӯз дар толори маҷлисгоҳи беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов бо кормандони беморхона вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад намоянди кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳозиринро бо ин ҷашни таърихӣ табрик намуд ва қайд кард, ки Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон неъмати волост.