Бозори ҶДММ «Ваҳдат-и шаҳри Хуҷанд аз қабили маркази савдоест, ки дар онҷо асосан масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта мешавад ва дар рӯзҳои ҷумъа аз кунҷу канори вилоят ба он ҷо маҳсулоти ҳӯрока ворид мегардад. Солҳои охир доманаи он васеъ гардида, асосан деҳқонон молу маҳсулоти  худро ин ҷо меоранд. Бо мақсади ташвиқу тарғиби аҳамият ва нақши таърихии  Иҷлосияи ХУ1 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба қаҳрамониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили Рӯзи парчам мулоқоти озоду шаффофи раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар бо ҷомеаи кормандони ин бозор доир гардид.

Роҳбарият ва кормандони фаъоли бозор аз даврони нобасомониҳои солҳои авввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, баргузории Иҷлосияи ХУ1 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қасри таърихии Арбоб аз саҳифаҳои дурахшони кишварамон арзёбӣ намуданд.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар низ аҳамияти ин Иҷлосия таҳлилу баррасӣ шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки маҳз  суханҳои боҳарорати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурге мебошад, ки барои дар рухи волои ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, садоқату ифтихормандӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ, ба ору номус тарбия кардани натанҳо насли наврас, балки тамоми мардуми кишвар  хизмати беҳамто ва беназири хешро мегузорад.

Аз тарафи дигар, ин таҷрибаи гаронмояи сарвари миллати тоҷик барои аҳли шахсияти сарони кишварҳои ҷаҳони имрўза шоистаи намуна ва ибратбахши  сарварӣ ва рохбарии инсонгаронаю халқпарварӣ маҳсуб меёбад. Таърих гувохи он аст, ки миллатҳое, ки барои озодӣ, истиқлолияти хеш ва пойдории он  мубориза набурдаанд, дар  саҳифаҳои  таърихи тамаддун  ному нишон надоранд.

Чорабинӣ дар фазои хештаншиносиву худогоҳӣ анҷом пазируфт.