Ташкилоти ибтидоии «Сино» дар миқёси шаҳри Хуҷанд аз нахустин ташкилоти ҳизбест, ки нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбиро иҷро намуд. Ба ин хотир, субҳи имрӯз ҷиҳати қадрдонӣ ва оростани мулоқот бо аъзоёни фаъоли ташкилот раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар озими ин ташкилот шуд. Зимни суҳбати озоду шаффоф раиси кумиҷроия аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумат нисбати кормандони соҳаи тандурустӣ ибрози ақида намуда, баён дошт, ки обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар тақвияти тафаккур, баланд бардоштани маънавиёт, мусаллаҳ будан ба навидҳои тозаву маводҳои таҳлилии дархӯри рӯз мусоидат менамояд. Дар фосилаи хеле кӯтоҳ иҷро намудани нақшаи обуна нишонаи баланди масъулияти ҳизбии ҳар як аъзои ин ташкилот маҳсуб мешавад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба масъулони қабули обуна сипоснома ва тӯҳафи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” Алимат Мавлонзода аз ҳамкориҳои густурдаи ташкилот бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҳарф зада, зикр намуд, ки иҷроиши талаботҳои оинномавию Барномавии ҳизб рисолати ҳар як аъзо маҳсуб шуда, ҳизбиён бояд тӯдакаши ҷомеа бошанд ва дигаронро аз қафои худ барои пешрафти мамлакатамон бубаранд.

Ёдовар мешавем, ки ташкилоти ибтидоии “Сино” аз калонтарин ва пешрафтатарин ташкилоти ҳизбии шаҳри Хуҷанд маҳсуб шуда, дар сафи худ 254 аъзо дорад.