Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 –солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бахшида ба 26 – солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд байни наврасону калонсолон мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» баргузор гардид.

Дар мусобиқа шахсони калонсол, миёнасол ва ҷавонону наврасон ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд.

Дар охир ба ғолибони мусобиқа ва фаъолон аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.