Дар  асоси нақшаи кори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд санаи 19.07.2019 фаъолияти Комиссияи кор бо занони ташкилоти ибтидоии Маркази дилшиносии вилояти Суғд оид ба корбарӣ дар самти пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Заррина Манонова мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

          Мавсуф баъди шиносоӣ бо фаъолияти комиссия ва додани маслиҳат ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин бо як гурӯҳ аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ мулоқот доир кард.

          Зимни суханронӣ Заррина Манонова баён дошт, ки масъалаи пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад ва мақсад аз таҳияву тасдиқ шудани «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пешгирии зуҳуроти бегонапарастӣ  мебошад. Пешгирии ин омили номатлуб кори якрӯзаву дурӯза набуда, фаъолнокии аъзоёну фаъолони ҳизб ва комиссияву шӯроҳои кор бо занонро тақозо менамояд.

   Дар рафти мулоқот ҳамзамон мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва дигар хатарҳои замони муосир ва тақвият бахшидани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ҳам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи нақшаи кори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ин гуна мулоқот дар Комиссияи кор бо занони дигар ташкилоту муассисаҳо низ гузаронида мешаванд.