Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша- чорабинии шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Тозагии атроф дар дасти мост” баргузор гардид.

Аксияи мазкур дар назди бинои Муассисаи давлатии “Қасри ҷавонон”-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он занону ҷавондухтарон гирду атрофи бинои мазкурро аз партовҳо тоза намуданд.