Имрўзҳо мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд дар шароити сахти вусъатёбии буҳрони молиявӣ, ки ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардум бетаъсир намемонад ҳамчун пуштибонии миллат барои амалӣ нагардидани тарҳи хиёнаткоронаи зархаридони хориҷӣ кўшиш намуда, саҳнаро аз ҳамагуна мухолифин пок созем ва фазои тарсу ҳаросро, ки имрўзҳо нохалафони ТЭТ ҲНИ эҷод сохтаанд, ба ҳолати осоиштагиву ором, якдигарфаҳмӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд, бармегардонем ва намегузорем, ки ҳар нохалафе ба кишвари азизамон газанд расонад.

Бояд тазаккур дод, ки мақсади аслӣ ва асосии эродҳои зархаридони хориҷӣ бо ҳар роҳу восита ноором сохтани фазои мамлакат аст. Имрўз бошад андешае ҳаст ки гўё Тоҷикистон ба ду қисмат ҷудо шудаасту зарур аст, ки мо ба Муҳиддин Кабирӣ бовар намоем. Чуноне ки муаллифи мақола Муҳаммадиқболи Садриддин чунин навиштааст: «Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон сиёсатмадоре аст, ки метавон ба ӯ бовар кард. Бовар кард, ки маҳз ӯ ва амсоли ӯ метавонанд барои ҷомеаи Тоҷикистон ва давлати он корҳое бикунанд, ки боиси шукуфоӣ ва ривоҷу равнақ бошад. Бо ин вуҷуд ки ӯ дар хориҷа аст ва кору фаъолияти худро барои ватан аз ҳаминҷо ба роҳ мондааст, шумори пайраву тарафдори ӯ ва роҳу равиши сиёсии ӯ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷа бештар ва бештар мешаванд. Кабирӣ ба унвони на танҳо раҳбари як ҳизбу созмон, балки фаротар аз ин чаҳорчӯб ва доира, раҳбари қисмати аъзами ҷомеаи Тоҷикистон, раҳбари афкору андеша ва ормонҳо шудааст».

Мо ҳаминро андеша дорем, ки то он даме, ки Муҳиддин Кабирӣ аст,  номи дини мубини Ислом ва миллати тоҷик доғдор мемонад, зеро ў на имон дораду на ҳурмату иззати инсонӣ.

Мо борҳо гуфтем ва ҳозир низ сари ин андеша қарор дорем, ки ҳар гуна баҳсу мунозира дар қазияҳои ҳассос хоса дар шароити ҳозира то чӣ ҳадди харобоваре метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солиму созандаи кишвардорӣ, фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.

Ҳама шоҳиди онем, ки дар давоми солҳои фаъолияти хеш ТЭТ ҲНИ чӣ корҳои хайрро ба сомон расонидааст, ба ғайр ҷангу бадбахтихо. Солхои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумҳурӣ аст. Чунки бо як чашмакзании қозӣ Турачонзода ва дастгирии бевоситаи хаммаслаконаш ба мисоли Муҳиддин Кабирӣ аз ҳисоби аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вукуъ пайвасту ҳазорхҳо сокинони бегуноҳх кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.

Дар навбати худ Тураҷонзода ва дигар хаммаслаконаш дар хориҷи кишвар дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ «панаҳ» ёфтанд. Имруз бошад, Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар карор дошта, боз ягон нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин суистифода аз боварихои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоххох такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. Дар охир сухани худ ҳаминро қайд менамоям, ба ин хел муноқишаҳои нолозима бояд ба тезӣ хотима бахшида барҳам додани фаъолияти он айни муддао аст. Мо, мардуми таърихии тоҷикон на бо гурўҳбозии бемаънӣ, балки бо ҳифз намудани истиқлолияти кишвар машғул бошем. Мо ҷонибдори Пешвои муаззами миллат ҳастем ва хоҳем монд!

Санавваров Ғ.Б., Қодиров М.А. – устодони

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

аъзоёни фаъоли ХХДТ