Мутобиқ ба нақша – чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд нимаи дуюми рӯзи санаи 8 январ дар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони ин ниҳоди давлатӣ ҷаласа ҷиҳати омӯзиши бандҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар доир карда шуд.

Абдумавлон Азимов, доктори илмҳои иқтисод зимни маърӯзааш иброз дошт, ки Паёми  навбатии Сарвари давлат фарогири фаъолияти  тамоми самтҳои хоҷагии халқ буда, нуктаи меҳварии он бо роҳандозии Стратегияву Барномаҳои мукаммал беҳбуди бахшидани вазъи некӯаҳволии халқ маҳсуб мешавад. Дар Паём зикр ёфтааст, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Дар ғановати буҷаи кишвар саҳми кормандони нозироти андоз хеле калон буда, зимни вохӯрӣ аз онҳо тақозо карда шуд, ки бо мақсади дастгирии амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат бояд кормандони ин ниҳод бо дасту дили соф пайи меҳнат бошанд. Зеро обрӯ ва манзалати давлат ва Ҳукумати кишвар аз сатҳи хизматрасонии кормандони нозироти андоз вобастагии калон дорад.

Аҳли кормандони нозироти андоз бо руҳбаландии бузург  омодагии худро барои омӯзиши нуктаҳои Паём ва дар амал татбиқ он иброз доштанд.