Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро ҳамеша дар мадди назари худ қарор додаст ва бо ин васила мекӯшад барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар кўмак расонад.

Бо ҳамин мақсаду маром дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнгирии 26- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, кормандони масъули Кумиҷроияи шаҳрӣ аз ҳолу аҳволи якчанд нафар собиқадоронг ва шахсони ниёзманду маъюбон дидан намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби ҳизбиён нафақаи ҳизбӣ ба 14 нафар гирандагони нафақа, ки маъюбону бепарасторон ҳисобида мешаванд, дастрас карда шуд.

Зимни дидорбинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов табрикоти ҳизбиёнро бахшида ба  26- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон ба аёдатшудагон расонида, таъкид доштанд, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ваки кору пайкори бознишастагон ва инчунин қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.