Санаи 21-юми майи соли равон маҷлиси машваратии назди раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо иштироки кормандони кумиҷроия доир гардид.

Баъд аз сухани ифтитоҳӣ номбурда оид ба иҷрои супоришҳои дар машварати қаблӣ додашуда аз муовини раис ва роҳбари дастгоҳи кумиҷроия, мудиронии шуъбаҳои кор бо занон ва назорат ва дигар шахсони масъул пурсиш ба амал овард.

Зимни суханрорнии раиси кумиҷроия масъалаҳои вобаста ба тақвияти корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, ташкили мулоқоту вохӯрӣ дар маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кор бо ҷавонону занон, аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ҷалб намудани аъзои нав ба сафи ҳизб, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими дарпешистода ва дигар самтҳои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз баёни фикру андеша ва пешниҳоди таклифҳои иштирокчиён ҷаласаи машваратӣ бо вазифагузориҳои раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ ба охир расид.