Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, федератсияи футболи шаҳр ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва таҷлили иди байналмиллалии Наврӯз миёни бонувон – хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, мудири бахши варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ширкат варзида, қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстӣ ва ватанпарастӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, дастаҳои ғолиб метавонанд минбаъд дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд.