Дар саҳифаи таърихи куҳани миллати тоҷик санаи 9 – сенябр чун рӯзи муқаддас ва фаромӯшношуданӣ сабт гардидааст. Зеро пас аз ҳазор соли заволёбии давлатии мустақили тоҷикон боз чархи таърих барои ин миллати соҳибтолеъ рӯзи мурод ва нишотро ҳадя намуд.

Барои кишвари мо қимати истиқлолият хеле гарон афтод. Зеро агар дигар давлатҳои пасошӯравӣ бо мероси бою ғанӣ ва тинҷиву оромӣ барои давлатсозии навини худ шуруъ намуда бошанд, моро имтиҳони сахту сангин – зуҳури ҷанги шаҳрвандӣ дар пеш буд. Маҳз кӯрдилон, носипосон, онҳое, ки манфиатдори заволи миллати тоҷик буданд, қариб ҳамаи минтақаҳои кишварро ба гирдоби ҷанг ва сарсонӣ кашиданд. Эътимоду боварии мардум нисбати роҳбарият, нисбати обу хоки кишвар канда шуд. Беш аз як миллион шаҳрвандон ба хотири ҳифзи ҷон рӯ ба мулки афғон ниҳоданд. Гуруснагиву қаҳатӣ, беҳокимиятиву талотуми зиндагӣ мардумро ба таҳлука овард. Маҳз тавонмандиву далерӣ, дили бузург доштани Пешвои муаззами миллат, ки дар чунин марҳилаи тақдирсоз зимоми роҳбариро бар дӯш гирифтанд, ба ҳамаи нофаҳмиҳо, зӯргӯиву каҷравиҳо нуқта гузоштанд. Тарафҳои даргирро бо ҳам оварданд, ғарибонро ба Ватан баргардонданд. Мулкро ободу кинаву кудуратро аз дили сангини носипосон берун оварданд. Бисту нӯҳ сол дар авроқим таърих рақами андак аст, аммо дар тӯли ин фосила корҳое таҳти роҳнамоии Сарвари давлат анҷом дода шуданд, ки назирашро таърих дар ёд надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ моҳияти соҳибистиқлолиро барои кишвари азиз хеле возеҳу равшан  ифода намудаанд: «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид».

Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯза бахубӣ эҳсос мекунад, ки маҳз бо баракати Истиқлолияти давлатӣ,  ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта марҳила ба марҳила дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Тибқи барномаи Ҳукумати мамлакат азнавсозӣ ва бунёди роҳҳои мошингард, сохтмони пулу нақбҳои мӯҳташам на танҳо сокинони навоҳии ҷумҳуриро бо ҳам наздик сохт, балки баромадро ба роҳҳои савдои байналхалқӣ таъмин намуда, ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва сокинони он мусоидат намуд. Бар иловаи ин бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ амсоли нерӯгоҳи бузурги “Роғун”, вусъат бахшидани майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бунёду азнавсозии боғу токзор, роҳандозӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати бунёд ва ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва амсоли инҳо аз омилҳои асосие ба ҳисоб мераванд, ки дар самти татбиқи барномаҳои рушди соҳаҳо саҳми муассир мегузоранд.

Дар маҷмӯъ ислоҳоти соҳаҳаҳои кишоварзӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ, хусусигардонии моликият, ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ дода шудани 75 ҳазор гектар заминҳои президентӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба ихтиёри худи хоҷагиҳо вогузор намудани даромад аз ҳосилоти замин, пурсамар истифода бурда шудани ҳар порча замини мамлакатамон  ва амалӣ гардонида шудани як қатор тадбирҳои дигари иқтисодӣ на танҳо сатҳи ҳаёти иқтисодии аҳолии шаҳру деҳотро баланд бардоштанд, балки заҳматкашони Тоҷикистонро дар атрофи Сарвари давлатамон сарҷамъ оварданд. Эълон гардидани моратория барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкорони дар истеҳсоли молу маҳсулот корхонаҳои нав таъсисдода дар муддати се соли аввали фаъолият ва эълон шудани Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ дар ин самт боз як қадами қатъӣ ба ҳисоб меравад.

Дар даврони истиқлолият масъалаи беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои аҳолӣ, дастгирии бевоситаи ниёзмандон ва умуман андешида шудани силсилаи тадбирҳои мушаххас дар роҳи аз камбизоатӣ баровардани мардум дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат, хоса таҳти назорати ҷиддии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Баҳри бунёди манзилҳои истиқоматӣ барои 150 ҳазор оилаи ниёзманд ҷудо гардидани 21 ҳазор гектар замин барои бунёди манзил танҳо дар ду соли охир сарчашмаи илҳому сурури тозаи мардум гардид.  

Нишондиҳандаи асосии таҳкими пояҳои давлату давлатдории навини мо пеш аз ҳама дар он низ зоҳир мешавад, ки новобаста ба нуфузи бӯҳрони шадиди молиявӣ дар саросари ҷаҳон нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатамон рӯ ба афзоиш овардаанд. Андешида шудани тадбирҳои муассир дар ин самт таъсири манфии ин бӯҳрони шадидро дар иқтисодиёти кишвар ҳаддалимкон бартараф сохт. Баробари ин ба даст оварда шудани натиҷаҳои назарраси рушди соҳаҳо ҳар яки моро ба ояндаи дурахшони кишвар рӯҳбаланд менамояд.

Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.

Воқеан ҳам марҳила ба марҳила афзоиш ёфтани маблағгузорӣ ба  соҳаҳо, бахусус ба соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ки аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мегарданд, давраҳои асосии рушди бемайлони иқтисоди кишварро таҷассум менамояд.

Имрӯзҳо на танҳо халқи кишвар, балки кулли  ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар, тараққихоҳ ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун муаррифӣ гардид. Сиёсати созандаи давлат ба ҷаҳониён амиқу дуруст фаҳмонида шуд ва дар натиҷа ин сиёсат дар доираҳои сиёсӣ ҳамчун сиёсати ибратбахш мавриди пазироӣ, эътироф ва омӯзиш қарор гирифт. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои инсонӣ имкон фароҳам оварданд, ки сулҳу осоиштагӣ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд. Омилҳои таҳаммулпазирии халқи азизамон аз маънавиёти баланду фарҳанги қадимаи он сарчашма мегиранд.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имсол 29 умин солгарди онро таҷлил менамоем дар шароите баргузор мегардад, ки мардуми шарифи кишварро боз як имтиҳони бузурги сиёсӣ дар пеш аст. Халқ бо интихоби Сарвари ояндаи худ дар рӯзи интихобот роҳи саодат ва музаффарияти худро умедвор хоҳад шуд.

Дар Анҷумани 14 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 3 сентябр доир гардид, вакилони Анҷуман бо ифтихору самимияти афзун номзадии Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Зеро дирӯзу имрӯз ва ояндаи ин миллати сарфароз аз корномаҳои ин чеҳраи мондагори таърихӣ вобаста буда, танҳо мо бо ин абармади арсаи сиёсӣ ба ормонҳои миллии худ дастёб хоҳем шуд.

          Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо таъсиси ситоди пешазинтихоботӣ мекӯшад, ки  рисолати фаъолияти ҳизбии худро нишон дода, иззати ҳар як интихобкунанда, эҳтироми намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсиро зимни ташвиқоту тарғибот ба ҷо меорад, то ки интихобот дар сатҳи баланди сиёсӣ доир карда шавад. Таҳлили воқеии вазъи сиёсӣ, кор бо харитаи сиёсӣ, корбарии мунтазам бо аҳолӣ имкон хоҳад дод, ки мо ин маъракаи муҳимро бо сарбаландӣ паси сар намоем.

Мусаллам аст, ки дар ин марҳилаи ҳассос “маҳбубону дӯстдорони миллат”  бо андешаҳои “созанда”-и худ мехоҳанд манфиатҳои хоҷагони худро болотар аз манфиатҳои миллӣ гузошта, бо таъсиси як паймони ба номи мардумӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ борони дурӯғу тӯҳматро ба сари мардум мерезанд.  Он камбудию норасоиҳое, ки имрӯз дар ҷомеа ба чашм мерасанд, Сарвари давлат ҳамаи онро медонанд ва зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, дар суҳбату мулоқотҳо барои ҳалли таъхирнопазири он дастуру ҳидоятҳо медиҳанд. Ва ин мушкилиҳо давра ба давра дар такя бо халқи меҳнатдӯсту ваҳдатшиори кишвар паси сар шуда истодааст, ки инро мардум нағз дарк кардаанд ва мефаҳманд.

  Бояд мо хуб дарк кунем, ки мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бар замми ҳамаи ин паҳн гардидани бемории сироятии КОВИД -19 масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст. Ин омилҳо моро дар атрофи идеяи миллӣ - сарҷамъии миллат муттаҳидтар менамояд.

Президенти кишвар дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси олии кишвар беҳуда аз ҳамин мавзӯъ Паёмро оғоз набахшиданд. Зеро имрӯз бинобар огоҳ набудан аз авзои сиёсии ҷаҳонӣ, сатҳи пасти дониши сиёсиву динӣ, ҳушёрии сиёсиро аз дасти додан ҷавонони зиёде ҷони худро дар майдонҳои набарди сурияву Ироқ аз даст дода истодаанд. Зуҳур кардани чандин ҳизбу ҳаракатҳои характери экстремистӣ дошта, боиси он гардида истодааст, ки ҷавонони мо ноогоҳона ба он шомил шаванд.

Моро мебояд, ки аз ҳар вақта дида фаъол,  байни мардум бошем, аз мушкиливу муаммоҳои он огаҳ кардем ва сохторҳои марбутаи соҳаҳоро талқин намоем, ки ба мушкиливу муаммоҳои муроҷиаткунандагон расидагӣ намоянд. Аз дастовардҳои навини истиқлол ҳарф занем. Сулҳу суботи сартосариро ҷавҳари ҳастии давлат ва миллат арзёбӣ намоем.

Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои азими меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем. Зеро 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик аст.  Ин ҷашн як навъ хулосагирӣ аз меҳнати суботкорона ва собитқадамонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад. Роҳи саодати мо маҳз аз соҳибзаковатии ин марди хирад оғоз ёфт. Пас моро мебояд, ки ба қадри ин арзишҳо расем.

                         Наим Маликисломӣ, Раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд