Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмӯъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст”.

Бахшида ба яке аз ҷашнҳои муҳими кишвар, Рӯзи Модар Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар собиқадори меҳнат Ҳамро Тоҳироваро аёдат карда, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расонида, тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.