Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба таҷлили иди саиди Рамазон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» зиёда аз 25 нафар кормандони хурди тибб ва 10 нафар шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва дигар оилаҳои ниёзманди шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои озуқаворӣ дастрас карда шуд.

Чунин иқдом дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардида, дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, шахсони яккаву танҳо ба роҳ монда шудааст.