Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 14 июн рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди мост» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Аз ҷумла рўзи ягонаи ахбор дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд, ки дар он муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур Ҷамшед Тўраев баромад намуд.

Ҷамшед Тўраев дар баромади худ қайд намуд, ки ҷомеаи мо як марҳилаи томи тараққиётро аз сар гузаронида, 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарбаландӣ ва дастовардҳои арзанда таҷлил намуд. Арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳои Истиқлолият аҳли кишвар ба он соҳиб шуд - расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст ва мардум ин санаи таърихиро бо башорати некаш гиромӣ медоранд. Ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои халқи азизи кишвар рўзи саид, фирўз, ваҳдат, нусрат, неку таърихӣ маҳсуб мегардад. Ваҳдате, ки тавассути кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилаҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.

         Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо таҳкими сулҳу субот, ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрў ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.

Дар эҳёи давлати навини тоҷикон, ки оғози роҳи Истиқлолият бисёр шебу фарозҳо дошт, марде ба арсаи сиёсат омад, ки саропо меҳр ба миллату ин хоку бум дошт. Бале, Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатдории тоҷиконро гирифтанд, ки бародар дар симои бародари худ душмани ашаддиашро медид. Номбурда дар нахустин мусоҳибаи худ қайд карда буданд, ки аввалин қадамҳои сулҳ бояд аз боварию ҳамдигарфаҳмӣ оғоз ёбад. Он гоҳ мо метавонем, дар якҷоягӣ аз гуноҳи ҳамдигар гузарем. Дертар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар атрофи идеяи миллӣ мардумро  сарҷамъ кунанд. Ин роҳ, роҳи мушкил буд, аммо самарааш нишотангез. Сарҷамъ кардани сокинони паҳну парешон, овардани қариб як миллион нафар муҳоҷирони иҷборӣ ба сарзамини аҷододӣ, тақсимоти беш аз 75 ҳазор гектар замин барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ кишвари моро ба сўи нур раҳнамоӣ мекард. Бо вуҷуди нофаҳмиҳо ва даргириҳо ҳамасола дастовардҳои истеҳсолӣ- иқтисодӣ рў ба афзоиш мениҳоданд. Дар ин миён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерўи хирад  ҷониби мухолифинро ба сулҳу оштӣ даъват намуданд. Дар роҳи таъмини сулҳи пойдор дар Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани музокироти байни тоҷикон ба миён омад, ки аз 5 то 19 апрели соли 1994 оғоз ёфта, дар ҳашт давра гузаронида шуд ва қариб 40 моҳ тўл кашид. Музокирот оқибат  дили размандагонро ба нарм овард, миёни Сарвари давлат ва роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ созишнома ба имзо расид. Ва ин сулҳи деринтизорро пиру барнои кишварамон бо шодию нишоти  беҳудуд истиқбол карданд. Ва шукрона намуданд, ки барои тоҷикон Худованд чунин нафареро эҳдо кард, ки саропо аз меҳр асту дили бузург дорад ва ба халқаш дилсўз аст.

Ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки  мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. Ба ин маънӣ меъмори сулҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Ваҳдати миллӣ дар рўзгори мо баҳои баланд дода, таъкид кардаанд: «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омўзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гардид». Дар илова ба гуфтаҳои Пешвои миллат афзуданием, ки рўзи Ваҳдати миллӣ барои кулли тоҷику тоҷикистониён аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Зеро он расман халқи бар асари ҷанги таҳмилӣ аз ҳам ҷудошударо ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат овард.

Воқеан ҳам, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехўрад, ки борҳо ба вартаи фаношавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтари камолот расидааст.

Имрўз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо  торафт таҳкиму густариш меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина аҳли ҷомеа, махсусан маорифчиёнро барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдату худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ талқин намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ин амр аз аҳли ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, Ватану ватанхоҳӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст. Эълон шудани соли равонро ба ҳайси Соли ҷавонон маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихор ва худогоҳии миллӣ, ватану ватандўстӣ метавон арзёбӣ кард. 

 Дар ин радиф, дар давоми соли таҳсили равон дар муассисаҳои таълимии вилоят тибқи нақша чорабиниҳои зиёди талқинкунандаи сулҳу ваҳдати миллӣ ташкилу баргузор гардиданд.

Сулҳ, ваҳдат ва оштии миллӣ барои мардуми соҳибназари кишвар  ҳамчун дастоварди бузург азизу гиромӣ аст. Ҳамин аст, ки халқи ваҳдатшиор дар тараннуми сулҳу оштӣ, мустаҳкам намудани пояҳои сулҳу ваҳдат ва ҷиҳати истиқболи сазовори 20 – солагии Ваҳдат саҳми арзандаи худро мегузоранд. Мардуми меҳан дар атрофи сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид, ғояҳои сулҳу ваҳдат ба ҳайси ҷузъи  муҳими андешаи миллӣ ташаккул ёфт. Ҳини руҷўъ ба таърихи ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама хидмат ва нақши беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ризоияти миллӣ, фаъол намудани ҷунбиши пуриқтидори халқӣ монанди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зикр кардан айни матлаб аст. Дар ин раванд ҷоннисориву ҷонбозиҳои Пешвои миллатро метавон чун қутбнамои фаъолият барои расидан ба ин рўзи пурсаодат маънидод намуд. Ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо имрўз аз ҳар нафар шахси ватандўсту худогоҳ масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Ҷараёни истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон на танҳо барои мо дарси ибрат мебошад,балки дар бисёр ҷамъомадҳои байналхалқӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳое, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардиданд, бисёр олимони муътабар на як бору ду бор таъкид карданд, ки таҷрибаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакати мо барои истифода дар минтақаҳои дигари сайёра, чи барои иштирокчиёни муноқиша ва чи барои кўшишҳо ва тадбирҳои миёнаравию эҷоди сулҳ ҳамчун қоидаи умумӣ хизмат карда метавонад.

Имрўз, баъди гузаштани солҳои зиёд аз ҷараёни гуфтушунид ва марҳалаи минбаъдаи барқарор сохтани хоҷагии халқи мамлакат дар давраи баъди муноқиша таҷрибаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳам аз нуқтаи назари қобилияти тарафҳо дар бобати ёфтани роҳҳои умумии ҳалли проблемаҳои мураккабтарин ва қатъияти онҳо дар бобати амалӣ сохтани паймонҳои бадастомада ва ҳам дар бобати муваффақият пайдо кардани амалиёти эҷоди сулҳи Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи беҳамто шуморида мешавад.

Имрўз ҳар як шаҳрванди маърифатпарвар, бедору ҳушёр аз он ифтихор дораду сарфароз аст, ки хиради азалии миллати мо таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифту дар сар то сари Ватан суруру шодмонӣ танинандоз шуд. Ва 20 - сол аст, ки мо дар фазои тинҷиву оромӣ осуда кору зиндагӣ дорем.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро аз лиҳози аҳамияти фавқулоддааш бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф гузошта, зикр кардаанд: «Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Хуллас, мактаби ваҳдатсози Пешвои миллат роҳандозии худогоҳӣ, худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандориро ба вуҷуд овард. Ин мактаб аз ифтихори баланди миллӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати ниёгони бузургамон сарчашма мегирад. Ва ҳар касе нафаси гарми ҳаётбахши Тоҷикистони азизро ҳамчун фарди дилогоҳ комилан эҳсос мекунад, ба офаридани чунин мактаби сулҳофарин қодир аст.