Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои миллии Тоҷикистон буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз кишоварзон даъват ба амал меоранд, ки дар як сол аз як замин камаш ду ҳосил ба даст оранд.

Зимни гузаронидани чорабинии ташвиқотию тарғиботӣ дар маҳаллаи Чорчироғ маълум гардид, ки шахси хоҳишманд  метавонад дар шароити хона ҳам ба парвариши зироат машғул шавад. Сокини кӯчаи  Саттор Қайюм 22 М.Тӯрахонова ба иқдоми ҷолибе даст зада, дар замини наздиҳавлигиаш парвариши картошка, шалғамча ва кабудиро ба роҳ мондааст. Номбурда иброз дошт, ки аз ин замин дар як сол то 3 маротиба ҳосил мегирад ва аз ҳисоби фурӯши он зиндагии оилаашро таъмин менамояд.

Дар шаҳри бостонии Хуҷанд солҳои охир ҳазорон оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд. Истифодаи таҷрибаи  М.Тӯрахонова метавонад ба беҳбудии шароити зиндагии хонаводаҳои зиёд мусоидат намояд.