Инак моҳи барои мо мубораки феврал фаро расид. Мо-мардуми бахтиёри кишвар ҳар сол дар ин моҳ ҷашни Артиши миллӣ дорем, ки дар роҳи расидан ба  давлатдории худ, ҳифзу ҳимояи нангу номуси миллӣ, садоқату шуҷоат бо ибтикор ва иродаи бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Олии Тоҷикистон мӯтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшишиши тамом ба харҷ медиҳанд.

         Имрӯз тавассути хирад, шуҷоату қатъият ва ҷонфидоиҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марзу буми кишвар аз вартаи нестиву ҳалокат эмин дошта, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё ва мардуми овораву саргашта ба Ватан бозгашт.

Таъкид  ба ёдоварист, ки Пешвои миллат бо ташкили Артиши миллии Тоҷикистон тавонист матонату фидокорӣ, ваҳдату ҳуснии тафаҳумро дар дохил барқарор ва ҷойгоҳи нуфузи кишварро дар хориҷ устувор намояд.

         Омодагӣ ва таҷлили ин ҷашни ватанпарастиву ватанороӣ дар ташкилоти ибтидоии  КМ “Хуҷанд”-и КИ ХХДТ хеле хуб арзёбӣ мегардад.

         “Таҷлили ин ҷашни муътабар,- мегуяд  мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой, - мо тарғибгарони сиёсиро муваззаф мегардонад, то ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, матонату ҷасорат ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан – Модар, ки моро дар оғӯши хеш парварда, ба камол расонидааст, таълиму тарбия диҳем, зеро ҳифзи Ватан рисолати шаҳрвандии ҳар яки мост!”

         Мулоқоти мазкур аз ҷонибдории мардум, нисбати саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллат басо нодир ва арзишманд арзёбӣ гардид.