Тибқи нақша чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» имрӯз дар ташкилоти ибтидоии «Сино» конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба 26 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ширкат варзида, ҳозиринро бо ин Иди фархунда табрику таҳният гуфта, баҳри ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ ва зиндагии шоиста саҳм гузоштани ҷавононро амри қатъӣ ҳисобид.

         Ҷавобан муҳассилини ташкилоти ибтидоии «Сино» ваъда доданд, барои дар амал татбиқ намудани ғояҳои хирадмандона ва маънавиасоси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, танҳо бо баҳоҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсили илм менамоянд.

Ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ баҳри болида сохтани ҳозирин шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, ҳифзи марзу буми кишвар, муқаддас доштани арзишҳои миллӣ хеле моҳирона қироат намуданд.

Дар маҷмӯъ, чорабинии мазкур шаҳодатгари он аст, ки кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистони азиз ба Истиқлолияти кулл ноил гаштааст.