Дар доираи баргузории «20 рӯзи ҷавонӣ», баҳри беҳдошти фазои экологӣ санаи 14 майи соли равон шанбегии умумишаҳрии ҷавонон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҷавонон–пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон! баргузор гардид. Шанбегии мазкур аз тарафи корхонаву ташкилотхо, мактабҳои таҳсилоти миёна ҷомеъаи устодону муҳассилин донишгоҳҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумитаҳои маҳаллаҳо, КВДК Сарраёсати ободони ва хоҷаги манзилию коммуналӣ гузаронида шуд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин чорабини ҷавонон, кормандони корхонаю ташкилотҳо, бозору ҷойҳои оммавӣ, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, устодону донишҷӯён ва хонандагон, соҳибкорону сокинони биноҳои истиқоматӣ бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва меҳнатдӯстии саҳми худро гузоштанд. Дар натиҷа гирду атроф ва ҳудуди корхонаю ташкилотҳо, мактабу донишгоҳҳо, маҳалли зист ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр тоза карда шуда, шинонидани гулҳои орошӣ ба роҳ монда шуд. Дар шанбегӣ 13212 нафар иштирок намуда, 8915 бех гулҳои ороишӣ, 18,3 км ҷӯйбор тоза карда шуда, ба масоҳати 115 м2 майдони нави гулу сабзпӯшӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки идораи махсуси партовкашонии шаҳр бештар аз 35 тонна партов бароварда шуд.