Дар хотироти таърих зиёд ҳодисаву воқеаҳо нақш бастаанд, ки имрӯзиён онро варақгардон намуда, ба он баҳои воқеӣ медиҳанд. Чунончӣ дар осори бузургон шоҳ Нӯшервони одил бо вазири ҳакими худ Бузургмеҳр зиёд мадҳу ситоиш шуда, давраи салтанати онро аз дурахшонтарин ва хирадмандтарин замон инъикос кардаанд. Зеро ҳукмронии ин подшоҳ дар пояи адлу инсоф, хираду матонат ва раиятпарварона бунёд шуда буд. Шояд шоирони он давр бо эҷоди асарҳои худ шоҳи даврро чунин дидан мехостанд ва ин аз хаёлоте беш набуд. Аммо дар қарни 10 Исмоили Сомонӣ чун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик тавонист, аркони давлатдориро мустаҳкам ва тоҷиконро чун миллати шоирхез дар ҳамон давр ба арабу аҷам муаррифӣ намояд. Бо гузашти 1000 сол ин миллати куҳанбунёд борҳо бо ҷурми тохтутозҳо, забткориҳо сӯхту сохт, аммо ҳамоно чун миллати воҳид, ягона дар олам шинохта нашуд. Пас аз пошхӯрии давлати бузурги ИҶШС Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро Истиқлол номиданд. Аммо мустақилият бо хунбаҳои садҳо сокинони кишвар ба даст омад. Аниқтараш бадсиголӣ, нодидагирии иддае аз ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон ғӯта занад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд, зеро онҳо шаҳди марги писар ва ё падарро чашиданд. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва пора- пора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурахшон. Ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бо нангу ор шабу рӯз хун мегирист, Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид. Сарвари олишони мо аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон талош варзид. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон чораҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигох Ҳукумату давлати Тоҷикистон барномаҳои гуногунро оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарони болаёқату кордон ба вазифаҳои роҳбарӣ тарҳрезӣ намуда, баҳри татбиқашон шароитҳо муҳайё сохт. Аз ҷониби дигар барои беҳдошти саломатии модару кӯдак, таъмини фазои мусоиди ташхису табобат ва дигар паҳлӯҳои мухталифи соҳаи тиб Стратегияи миллӣ қабул гардид. Дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ҳам барномаҳои гуногун таҳия шуданд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт. Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ барояшон кушода гардад ва ҳама монеъгиҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷӯӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд. Хушунату зӯроварӣ дар оила ҳам ба ҳукми анъана буд, аммо ба ин раванд истиқлолият нукта гузошт. Аксар занону духтарон дар хонаводаҳо зери хушунат қарор доштанд ва ҳуқуқу манфиатҳояшон зери ниқоби расму оинҳои хурофотӣ поймол мешуданд. Истиқлоли ватан омаду бо тадбирандешии роҳбари муаззами кишвар «девори бузурги хурофотпарастӣ» барҳам хӯрд. Истиқлол, Ваҳдат, озодӣ, ҳуқуқ ва дигар арзишҳои волои давлатию миллӣ пешорӯйи ин ҳама таззодҳо устувор истодаанд. Ба тавсиб расидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» саривақти буда, барои пойдорию устувор, бунёди оилаи обод ва баланд бардоштани маърифати оиладории мардуми кишвар боис гардид. Дар суботи сиёсӣ, пешравии занон дар ҳама соҳаҳо нақши ҲХДТ чун ҳизби созанда ва роҳнамо муассир аст. Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари муаззами ҳизб ҳамеша тақозо доранд, ки дар сафҳои ҳизб ҷавонони соҳибназару дурандеш, занони оқилаву доно бештар бошанд. Зеро ҷомеа дар ҳама давру замон ниёз ба ислоҳот дорад. Якмаромӣ, қолабҳои кӯҳнашуда натанҳо иқтисодиётро коҳиш медиҳад, балки маънавиётро ба қафо мепартояд. Аз ин рӯ, рисолати мо- ҳар як аъзои ҳизб сидқидилона дӯст доштани ин обу хоки Ватан ва саҳм гузоштан дар эъмори бузурги қасри Истиқлолият аст. Моён, занон-ҳизбиёни Хуҷандшаҳр Роҳбару Пешвои миллати худро азизу муқаддас медорем, дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутаккояшон мебошем. Сарвари давлат барҳақ Президенти мардумӣ ҳастанд, зеро дили бекина, андешаи солим, садоқати беинтиҳо ба ҳар як сокини кишвар доранд. Мо низ дар ҷавоб садоқати хешро изҳор менамоем, ба хизматҳояшон арҷ мегузорем. Пешвои мо арзандаи ҳамаи ситоишҳо ва роҳнамои зиндагии мо ҳастанд.

МО БО ПРЕЗИДЕНТ ВА ПРЕЗИДЕНТ БО МОСТ.

Мукаррама Неъматова мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд