Дар замони муосир, ки технологияи иттилооти руз аз руз рушд ёфта актуалӣ шуда истодааст, тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки онҳо бояд аз решаронии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи иттилооти амиқ ва огаҳи дошта бошанд. Ҷавонон бояд дар тафаккури худ арзишу оқибати ин рушди иҷтимоии замони муосирро дарк карда  ва баҳо дода тавонанд ин ба роҳи покин ҳидоят менамояд. Дар телевизион ва нашрияҳо бисёр мисолҳо оврада мешавад, ки гумроҳии баъзе ҷавонон дар ин падидаҳои номатлуб ба чӣ оварда расонд, яъне оқибаташ ба куҷо мебарад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷистони азизамон дар давраи истиқлолият аз ҷиҳати иқтисодю иҷтимоӣ ва тинҷиву оромӣ  рушд карда истодааст, ки мо бояд ин ҳолати беҳтарини ватани ҷоноҷонамонро  эҳтиёт намоем ва дар оянда сайқал диҳем. Барои ин мақсад расидан ҷавонон бояд донад, ки мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Имрўз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавҷуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои  гузаронидани ислоҳот ба назар мерасанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом  мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рўи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад. 

Мутаасифона, имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

        Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Дар ин ҷо асос ҳамин Ваҳдат аст, ки миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат хоҳад овард.

         Аз ҷавоноy хоҳиш дорам, ки сатҳи дониши худо баланд намуда арзандагиҳо миллати тоҷикро чуқур дарк намоянд ва аз ин падидаҳои номатлуб фаҳмиш амиқ дошта бошанд, то ки ба роҳи рости покин раванд, аз каҷу килебҳои ҳаёт худро канор кашанд ва бо ин равияҳо мубориза баранд.  

 

                 Абдушукур Назаров, аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд