Дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоӣ нақши ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷамъият хеле арзишманд мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи супоришу дастурҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву мулоқотҳоро бо ҷавонони саодатманд дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор намуда истодааст, ки дар вохӯриҳо намояндагони ҳизб ва афсарони қисмҳои низомӣ ширкат варзида ҷавононро барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусалаҳ даъват намуда истодаанд.

Чунин мулоқот дар кумитаи маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд доир карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ, омодагии ҳамешагӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз маҳсуб меёбад.