Баргузории чорабинии идона дар Кӯдакистони Президентии вилояти Суғд бахшида ба таҷлили иди Ѓалаба

 Имрӯз 5 майи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Олами афсона” бо иштироки омӯзгорону тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентии вилояти Суғд бахшида ба таҷлили иди Ѓалаба чорабинии идона баргузор гардид.

Пеш аз ҳама директори Кӯдакистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Муҳайё Содиқзода суханронӣ карда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 78-умин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуд.

Таъкид гардид, ки ҷашни Ғалаба барои халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромушнашаванда мебошад, зеро фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бо корнамоиву ҷонбозиҳо ва муборизаи фидокоронаву қотеъона якҷо бо халқу миллатҳои сулҳхоҳ оташи ҷанги даҳшатнокро хомӯш ва озодии мардумони сайёраро таъмин карданд.

Баъди анҷоми суханронӣ тарбиятгирандагони Кӯдакистон бо намоиш додани чорабинии фарҳангӣ ва намоишҳои ҷолиб хотири иштирокчиёнро шод намуданд.