Дар партави Паём ва дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 5 январ доир гардид, имрӯз бо иштироки гурӯҳи тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб зимни суханронии худ қайд кард, ки дар таблиғи дастовардҳои даврони истиқлол, ташвиқу тарғиби барномаҳои мукаммали давлатӣ нақши ҳизбиён чун тӯдакаши ҷомеа хеле назаррас буда, ин нукта зимни суханронии Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд.

Ба гуфти раиси кумиҷроия дар давоми беш аз се соли охир афзудани шумораи ҳизбиён аз 6 ҳазор то ба 15 ҳазор ва шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 80 адад то ба 215 адад дар шаҳри Хуҷанд худ намунаи мавқеи устувори шаҳрвандони шаҳр дарак медиҳад.

 Кумиҷроия дар мавриди низоми дохилиҳизбӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, сифати аъзои ҳизбро пайваста мавриди назорат қарор мегирад. Ба хотири бештар ошноӣ пайдо кардан бо Оинномаву Барномаи ҳизб ҳайати иборат аз 8 нафараи кормандони дастгоҳи кумиҷроия бештар миёни аҳолӣ корбарӣ намуда, бо баргузории аксияву дигар чорабиниҳо тарафдорони худро аз ҳисоби аъзои нав зиёд мекунанд.

Аммо ба андешаи Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳамкории ҳизбиён, хосса гурӯҳи тарғиботчиён бо васоити ахбори омма кам ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи мавсуф бояд ба мақолаҳои ҳангомаҷӯёнаи хоинони миллат дар сомонаҳои гуногун, ки барои олудагии мафкураи шаҳрвандон сабаб мегардад, саривақт ҷавобҳои саҳеҳ диҳем. Дар ин росто аз нашрияҳои ҳизбӣ- «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Шафақ» ки матолибҳои зиёди таҳлиливу хонданӣ дорад, истифода бурда, бо ин минбарҳо ҳамкориро вусъат бахшем. Ҳамзамон ахбору гузоришҳоро дар сомонаи кумиҷроияи шаҳрӣ www.hhdt-khujand.tj  бештар ҷойгир намоем. Бештар миёни мардум будан моро бо халқ наздик мекунад. Барои ин тарғиботчиён  дониши мукаммал ва ахбори саҳеҳро доро бошанд. 

Устодон Муҳаммадҷон Қодирӣ, Уғулой Умаралиева ва Ҷумъабой Исомадинов барои боз ҳам хубтар фаъолият бурдани кори тарғиботиву ташвиқоти таклифҳои судманд доданд.

Инчунин, аз олимону устодон ва тарғиботчиёни Кумиҷроия даъват ба амал оварда шуд, ки дар озмуни вилоятии «Беҳтарин тарғибгари арзишҳои миллӣ « дар соли 2016  фаъолона ширкат варзанд.