Дар толори Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-№13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Ҷаббор Расулов, №6» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Қалъаи Хуҷанд, №17» бо интихобкунандагони як қисми кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» ва «Раззоқ» баргузор гардид.

Вохӯриро раиси комиссияи шаҳрии интихобот Хайрулло Нурматов ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки санаи 1- март дар сар то сари кишварамон интихобот ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ доир мешавад, аз ин хотир номзадҳои пешбарикардаи ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ менамоянд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо ва худи номзадҳо дар назди интихобкунандагон баромад намуда, мақсад ва ҳадафҳои барномавии худро манзур намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ баромад карда, Барномаи пешазинтихоботии ҳизбро муаррифӣ намуд ва аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории ҲХДТ ва номзадҳои он овози худро диҳанд.