Тибқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оиди баррасии нуктаҳои асосии Паёми сарвари давлат дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии №6 мулоқот баргузор гардид.

Намояндаи кумиҷроия Аҳророва Гулчеҳра зимни баромад изҳор дошт, ки воқеанҳам Паёми ҳамасолаи Пешвои Миллат як ҷаҳон нерӯву қувваи баланд мебахшад. Дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъдаи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, афзалиятҳои сиёсати минбаъда мушахас баён гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешрафти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Мо бояд аз Пешвои худ ифтихор намоем. Барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.