Бахшида ба 72-юмин солгарди Рўзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ва ҳафтаи «Поси хотир»  бо иқдоми  ташкилоти ибтидоии  ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Тути калон» -и шаҳри Хуҷанд  дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, субҳи имрўз дар қабристони «Гунбази қошуқ» шанбегӣ доир карда шуд.

Дар шанбегӣ беш аз 50 нафар ҷавонони  ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Раҳим Ҷалил» ва  сокинони маҳалаи «Тути калон» ширкат варзида, атрофи қабристон ва дохили онро аз алафҳои бегона тоза карда, саҳни онро рўбучин намуданд. Чунин иқдом минбаъд низ идома хоҳад кард.