Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи тасдиқнамудаи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд шуруъ аз санаи 15 –уми июни соли 2023 маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шуда истодааст.

 Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи кӯдакон”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева иштирок ва суханронӣ намуд.

Шоира Ҳакимова раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии хеш аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дод ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Ҳамҷунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ барраси гардиданд. Тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии “Хонаи кӯдакон” Шоира Ҳакимова  бо тарафдории аксарияти аъзоҳои ташкилоти ибтидоии мазкур аз нав интихоб карда шуд.

Ҳамчунин намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева баромад карда, ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда,  ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти  минбаъда маслиҳатҳо ва дастуру супоришҳо дод.