Ба муносибати 25 - солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Ҳамоиш бо сухани ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ гардида, иброз шуд, ки ҲХДТ аҳ ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи даврони Истиқлол номид.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар мавриди дастовардҳои ҳизб маълумот дод. Ӯ иброз намуд, ки бояд ҷавонон махсусан донишҷӯён ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар амалигардии ҳадафу барномаҳои ҲХДТ саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи конференсияи илмӣ-назариявӣ сармуаллими кафедраи иқтисоди ҷаҳонии донишгоҳ Ҷамшед Тюряев дар мавзӯи “Таърихи таъсисёбии ҲХДТ” ва донишҷӯи курси 4-уми донишгоҳ Дониёрбек Дониёрзода таҳти унвони “25 соли қадамҳои созандаи ҲХДТ” маърӯзаҳо намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Дар интиҳои ҳамоиш ба устодону донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳо тақдим карда шуд.