Бахшида ба фарорасии Иди Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва кумитаи маҳаллаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида истодааст.

Чунин як чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов» баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева Наврӯзи оламафрӯзро хайрамақдам гуфта, тӯҳфаҳои идонаро ба аъзоёни фаъоли ҲХДТ супорид.

Инчунин, дар ин чорабинӣ собиқадорони ҲХДТ Атаева Ҳ.Н. ва Темирова Х.И. иштирок намуда, бошандагони маҳалларо бо Наврӯзи дилафрӯз шодбошӣ намуданд.