Бо дарназардошти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, яъне интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Конференсияи 29-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он номзад аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар кори конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Илҳом Саидов, 199 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ, занону ҷавонони фаъол ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи Конференсияро шинос намуд ва ҳайати раёсати кории Конференсия, котибот, комиссияҳои таҳририя, мандатӣ ва баҳисобгирии овозҳо бо ҷонибдории вакилони Конференсия тасдиқ гардиданд.

Дар кори Конференсия ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки яке дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ва дигаре пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 мебошад.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома Шарипов Абдуҳаким Шарипович - Раиси шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию сиёсиро  оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, мавқеъ ва нақши байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини дахлнопазирии сарҳадҳои кишвар, амнияти дохилӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, ки аз  талаботҳои Оиннома ва ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, вусъат диҳанд.

Баъд аз шунидани маърӯзаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Конференсияи 29-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қарори дахлдор қабул намуд.

Сипас, раисикунандаи Конференсия Бахтиёр Исматҷонов  баён дошт, ки тибқи қарори Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023, таҳти №184 “Дар бораи таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13”, рӯзи баргузории интихобот 16 июли соли 2023 таъин карда шудааст.

Моддаҳои 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот як нафар номзадро пешбарӣ намоянд.

Дар ин робита, тибқи моддаи 4.17 Оинномаи ҲХДТ мо имрӯз имкон дорем, ки номзади худро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои вакили хориҷшуда пешбарӣ намоем. Ва мо бояд номзадеро пешбарӣ намоем, ки аз ҳар ҷиҳат лоиқи ин ном ва мансабӣ олӣ, соҳибмаърифату баландихтисос, забондону сухандон, обрӯманду соҳиби хислатҳои баланди инсонӣ, дар байни мардум намунаи ибрат бошад, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар раванди қонунэҷодкунӣ, яъне таҳияву қабули санадҳои барои пешрафти ҷомеаи демократиамон зарӯрӣ, фаъолона иштирок намояд. Ҳамчунин, дар татбиқи талаботҳои Оинномавӣ ва Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорад.

Бо дарназардошти чунин аз ҷониби раисикунандаи Конференсия номзадии Муинӣ Мавсума Муинзода барои пешбарӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешниҳод карда шуд.

Таклифи мазкур аз ҷониби вакилони Конференсия якдилона ҷонибдорӣ гардид.

Баъд аз пешниҳоди мазкур Нодирҷон Солиҷонов собиқадори ҲХДТ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров аз кору пайкори номзад Муинӣ Мавсума Муинзода ёдовар шуда, баён доштанд, ки номзади пешбаришуда аллакай дар ҷомеа ба ҳайси олима, зани нерӯманд ва ташкилотчии моҳир шинохта шудааст ва дар сурати пирӯзӣ барои баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб, пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқ саҳми калон хоҳад расонд.  

    Вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода маъруза намуда, баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияташ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии  оинномаву Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

 Мусаллам аст, ки ба фаъолияти ҳизб  аз чигунагии номзадҳояш дар мақомоти олии қонунбарор ва зинаҳои поёнии маҷлисҳои маҳаллӣ баҳо медиҳанд. Бо назардошти фаъолияти муваффақонаи Муинӣ Мавсума Муинзода дар якчанд соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ номзадии ӯ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд пешбарӣ карда мешавад.

Сипас, тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбатии Муинӣ Мавсума Муинзода аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия муайян гардид.

Ҳайати комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи вакилон Муинӣ Мавсума Муинзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар фарҷоми кори конференсия Муинӣ Мавсума Муинзода барои боварию эътимод ба пешвои муаззами миллат ва вакилони Конференсия изҳори сипос намуд.

Бо ҳамин ба кори Конференсияи 29-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима бахшида шуд.