Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз шароити зисти интихобкунандагон ва бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Гулбаҳор Махкамова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар толори калони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии вилоятии Масҷиди Сурх №5 ва ҳавзаи интихоботии шаҳрии Себзор №7 мулоқот анҷом доданд. 

Вохӯриро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтотоҳ бахшида, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд ва мақсади баргузории чорабиниро ба иштирокчиён фаҳмонид.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Гулбаҳор Махкамова оид ба мафҳуму мақоми Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба таҷлили он суханронӣ намуд.

Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии Себзор№7 Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати наздик омадани ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, хамзамон доир ба нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар ҷараёни мулоқот интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир ба муаммоҳои гуногуни ҷомеа ва пешниҳодоти мушаххас дар самти ободонии шаҳр андешаҳои хешро баён доштанд.