Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бахшида ба 25 –солагии таъсисёбии ҲХДТ  оид ба ибрози ақидаҳо дар бораи ҲХДТ дар байни камитаи маҳаллаҳо, ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯриву малоқотҳо баргузор намояд.

Аз ин лиҳоз,  дар кумитаи ибтидоии Бобоҷон Ғафуров бо аъзоёни ҳизбии кумита  вохӯри ташкил карда шуд. Иштирокчиёни вохӯри ақидаҳои хешро дар бораи ҲХДТ мусби арзёби карданд. Онҳо иброз намуданд, ки нақшаҳо ва барномаҳои азимеро, ки ҳизби мо барои ояндаи наздик дарбобати таъмини истиқлолияти энергетики, озуқовари, фарҳанги, таҳкими маърифати сиёсию ҳуқуқи ва ғайра пешбинӣ намудааст.

Дар идомаи суханронӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева М. қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  чун пиёдакунандаи ҳадаф ва ормони давлат ва ҳукумат маҳсуб меёбад. Яке аз роҳҳои таҳким бахшидани нерӯ ва тавоноии ҳизб, аъзогӣ ва то ба мардум расонидани ҳадафҳои оинномавӣ ва барномаи ҳизб мебошад.

Бо ҳамин ба вохӯрӣ ҳусни тафоҳум бахшида шуд.