Имрӯз, санаи 2 апрели соли 2020 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед!” ташкил ва баргузор гардид.

Ҳадафи аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи COVID – 19 буда, аз ҷониби ҷавонони фаъол ба аҳолӣ наздикии 5000 адад варақаи иттилоотӣ дастрас ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар оғози чорабинӣ аз ҷониби ташкилкунандагон мудири шуъбаи ташкилӣ ва иттилооти кумиҷроия Эҳсонҷон Исоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Олимҷон Норматов ва роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мууталиб Маҳмудов омилҳои паҳншавии ин беморӣ, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, гуфта шуд. Баён гардид, ки яке аз сабабҳои ба зудӣ сироятёбии шумораи зиёди одамон ин риоя накардани одоби муошират ва гаштугузори оммавӣ мебошад. Бо ниқоб рӯпӯш намудани рухсора, саривақт  шустани даст бо собун аз роҳҳои эмин ёфтан аз ин беморист.

Таъкид гардид, ки хушбахтона дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал риоя намоянд.

Тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.