Имрӯз 16 августи соли 2023 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Сартатиби беморхона Фаррух Мақсудзода чорабиниро оғоз бахшида ҳамаи табибони ин беморхонаҳоро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.

Бахтиёр Исматҷонов -  раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар баромади худ зикр намуд, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, сол ба сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ афзуда, садҳо иншоотҳои нави тиббӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин карда шуданд.

Ҳифзи саломатӣ, таъмини тандурустии аҳли ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2020-2025 маҳсуб ёфта, пешрафту беҳдошти ин соҳаи муҳим мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таъмин намудани сиёсати давлат бо назардошти он, ки маҳз солимии миллат пояндагии онро таъмин карда метавонад барномаи худро тартиб дода, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббиро маҳз бо роҳи мукаммалсозии низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ имконпазир шуморида, бо ин мақсад ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таъмин кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро роҳандозӣ намудааст.

Дар охир фаъолон бо Сипосномаю тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ифтихорномаву сипоснома ва тӯҳфаҳои беморхона, инчунин бо нишони сарисинагии аълочии тандурустӣ сарфароз гардонида шуданд.