Бо иқдоми Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар сар то сари вилоят мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир шуда истодаанд. Дирӯз дар толори варзишгоҳи коллеҷи  тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ба даври нимниҳоӣ коллеҷи тиббӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд роҳ ёфтанд. Варзишгарони коллеҷи тиббӣ бо ба даст овардани холи аз ҳама зиёд сазовори ҷойи якум ва Ҷоми мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷойи дуюмро варзишгарони Донишкадаи политехникӣ ишғол намуданд. Ҷойи сеюм насиби дастаи ДДҲБСТ гардид.   

Ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.