Дар ҶСП “Сомон - Суғд” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, оид ба ҳифзи марзу буми Ватан ва фаъолияти мунтазами Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин раиси кумиҷроия доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, қабул ба узвият тибқи оинномаи ҳизб сухан ронда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу возеҳ дод. Инчунин, қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

Дар ҷамъбаст шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш супорида шуд.