Шуъбаи кор бо занон аз рӯи дастур ва супоришоти Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд амал намуда, аз рӯи нақша- чорабиниҳои ҳафтаина дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Ташкилоти ибтидоӣ Кумитаҳои маҳаллаҳо, ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда дар самти ҳифзи анъанаҳо, ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки сабаби ҳалли бисёре аз мушкилотҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад, саҳмгузор аст. Мисоли равшан фаҳмонидани мазмуну моҳияти Қонуни мазкур дар Ташкилоти ибтидоии Кумитаи маҳаллаи  «Раззоқ» вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар он занҳои фаъолони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Имрӯзҳо нақш ва таъсири бонувон дар роҳандозӣ ва амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ мегардад.