Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 28 –солагии баровардани қушунҳои Шӯравӣ аз Афонғонистон, чорабиниҳо доир карда шуд.  Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, ҳамаи иштирокчиёни ҷанги Афғонистонро бо муносибати 28 –солагии баровардани қушунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон табрику муборакбод намуд ва яке аз иштирокчии ҷанги Афғонистон, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар клуби интернатсионалистони шаҳри Хуҷанд Шавкат Фаёзовро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардонид.  

Бояд ёдовар шуд, ки сафарбаркунии қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон 25-уми декабри соли 1979 оғоз ёфта, фарзандони мардуми Тоҷикистон низ дар ҳайати афсарони шӯравӣ таи 10 сол дар майдони ҷанг ҷонбозиҳо намуданд. Танҳо санаи 15-уми феврали соли 1989 афсарони шӯравӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуданд. Тӯли ин солҳо 87 нафар модарони вилоят аз фарзандашон ҷудо гашта, 115 нафар ҷавонписарон маъюб баргаштанд.

Дар тӯли ин набард дар кишвари Афғонистон аз вилояти Суғд зиёда аз се ҳазор нафар сафарбар шуда буданд.