Ҳамшаҳриёни азиз!

Аъзоёни фаъоли ҳизб!

Фарорасии яке аз ҷашнҳои бузурги миллат - Наврӯзи оламафрӯзро бароятон сидқан шодбош гуфта, ба хонадонатон нуру зиё ва дар кору фаъолиятатон барору комёбиҳо таманно дорам. Наврӯз риштаи ҷовидонаи пайванди инсону табиат, дақиқтарин мизони табодули фаслҳои сол ва рӯзгори одам аст. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру сахо мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро бар дили ҳар яки мо меангезад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти мақому манзалати Наврӯз барҳақ фармудаанд: «Асолати иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ мебошад. Зеро Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо аст». Наврӯз аз оғози пайдоиши худ чун оғози корҳои хайр, бахшишу футувват, аёдати пирону бепарасторон шинохта шудааст ва бо эътиқод метавон гуфт, ки ин анъанаҳои неки идона дар рӯзгори мо тобиши тозаро касб карда, моро ба идомати беҳтарин анъанаҳои гузаштагонамон водор менамояд. Боиси хушнудист, ки Наврӯзи имсола бо иштироки Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ дар зебошаҳри мо доир мегардад. Ба шарофати ин иди миллӣ симои шаҳр куллан дигар шуда, хиёбонҳои сабзпӯш, мардумони дилшод омодаи пазироии меҳмонон мебошанд. Бори дигар ҳамаи сокинони шаҳри Хуҷандро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, бароятон шукуфоии баҳорона, рӯзгори осудаву саодатманд ва рӯҳу илҳоми тозаро баҳри ноил шудан ба комёбиҳои шоёни меҳнатӣ таманно менамоям.

Ҷашни Наврӯз муборак!