Бо мақсади тарбияи ифтихори ватандориву ватанпарастии ҷавонон ва саҳмгузоштан дар ободии кишвар бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ҷавони ҳизб имрӯз 14 январи соли 2017 дар қабристонии кумитаи маҳаллаи Суғдиёни шаҳр ва гирду атрофии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ донишҷӯёни донишгоҳ қабристониро аз партовҳо тоза карданд. Инчунин, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.